Дар шаҳри Норак Фестивали вилоятии анорпарварон доир мегардад

Ноябрь 1, 2024 11:55

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар шаҳри Норак Фестивали вилоятии анорпарварон доир мегардад, ки дар он боғпарварони мамлакат навъҳои гуногуни ин меваро пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар ҷумҳурӣ 2722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектар боғи ҳосилдеҳ мебошад. То аввали моҳи октябр боғпарварони мамлакат 4917 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Ба тавсияи мутахассисон, меваи анор аз қанд, витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сухтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.

Меваи анор аз се қисми асосӣ иборат аст: пӯст, тухмҳо ва афшура. Таносуби байни қисмҳои алоҳидаи анор чунин аст: пӯсташ 27,89-51,76 фоизи тамоми вазни мева, тухмҳо 7,78-22,14 фоиз, афшура 38,86-63,43% вазни меваро ташкил медиҳанд. Маззаи анор аз таркиби кимиёвӣ вобаста аст ва дар ин вақт махсусан таносуби қандҳо бо кислотаҳо ҳалкунанда аст. Аз рӯи миқдори кислотаи лимӯи шарбати анор навъҳо ба ширин, ширин-турш ва турш тақсим карда мешаванд. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст. Аз як дарахт 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, 5 – 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобастааст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 1, 2024 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд