Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд

Ноябрь 29, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 ноябр дар шаҳри Индаури Ҷумҳурии Ҳиндустон 41-умин  ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласаи пленарӣ дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда Ҳисоботи навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт бо дархости бозбинӣ намудани ду тавсияи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), яъне тавсияи 8 (Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) ва тавсияи 38 (Ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ: ғайрифаъолгардонӣ ва мусодира) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни баррасии Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт давлатҳои аъзо ва нозирони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо назардошти пешравиҳои назарраси мамлакат дар татбиқи тавсияҳои номбаршудаи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ баланд бардоштани радабандии кишварро аз рӯи онҳо дастгирӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар қисмати мутобиқати техникӣ то ба имрӯз аз 40 тавсияи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 тавсия баҳои мусбии мутобиқи назаррас ва комилан мутобиқ дода шудааст.

Баъд аз даври дуюми баҳодиҳии мамлакат (соли 2018) то кунун шаш Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешрафт аз ҷониби департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои қабули қарорҳои ниҳоӣ ба Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм  пешниҳод карда шудааст.

АКС: Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид