Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, аввалин санади меъёри ҳукукие, ки дар худ меъёрҳои давлати демократиро ҷой додааст соли 539-и пеш аз мелод, аз ҷониби подшоҳи давлати Ҳохоманишиён яъне Куруши Кабир қабул ва эълон карда шуд. Пас аз гузаштан асрҳо 9 сентябри соли 1991-ум миллати Тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёру демократии шуда, ки ин рӯз барон қабули санади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи устувор гузошт, -чунин нигоштааст судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ғиёсиддин Мирзозода дар матлаби хеш, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол доштааст.
Маҳз 06 ноябри соли 1994 ум барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз санаҳои тақдире буд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар ҷумҳури Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол дар Точикистон 30 солагии онро ҷашн мегирад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Точикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999 ум ва 22-июни соли 2003 юм) ва соли 2016 бо роҳи райпурсии умумихалқи тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва дигар қонунҳояш принсипҳои башардустӣ ва озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро инъикос намудааст. Дар ин зимн бояд навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, барои зиндагии хубу шоистан афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу гайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу суббот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳамарафа танзим намояд.
Ҳаминро бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар марҳилаи оғози эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрванди қарор дорад. Аз тачрибаҳои таърихии дигар давлатҳо бармеояд, ки бунёди як давлате ҳамчун давлати мустақил раванди тӯлони дорад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки бо соҳиби истиклолияти давлатӣ гаштанаш дар замони начандон тӯлони бо Конститутсияи мукаммал гаштан худ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократи асосҳои сохти давлатдории демократи, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии вичдонро эълон ва таъмин намояд.
Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «маҳз истиқлолият буд, ки давлати ҷавони мо дар муддати хеле кӯтоҳ барои бунёди давлатдории навин, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ мебошанд, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид».
Нақши дигари Конститутсия дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар он унсурҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ, ба монанди ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва ғайра дарҷ гардида, муносибати байниҳамдигарии давлат, мақомоти давлатӣ ва ҷамъият ба вуҷуд оварда шуд.
Тибқи моддаи 6-уми Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Муқаррароти муҳимми Конститутсия дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чунин меъёр бо мақсади танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардида, барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усулҳои ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.
Мардуми Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шуруъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Конститутсия аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия иқтисоди мамлакат рушду такомул ёфта, давлати мо ба марҳалаи тозаи тараққиёти устувор қадам гузошт. Имрӯз се ҳадафи аслии дурнамои рушди Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ мешаванд.
Барҳақ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории мамлакат мақому манзалати хоссаро доро буда, меъёрҳои он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ин аз волоият ва нақши барҷастаи он дар давлатдории миллии мо дарак медиҳад. Чун сухан аз давлатдорӣ рафт, мехоҳам аз нақши бузурги Пешвои миллат дар таҳия, муҳокима ва қабулу татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардам, зеро Сарвари давлат дар тамоми марҳалаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калидӣ доштанд, ки ба зимма гирифтани масъулияти раисии комиссияи конститутсионӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба якчанд нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намуда, дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо барои ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосро доро мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини волоияти қонун ва таҳкиму нигаҳдошти истиқлолияти давлатӣ саҳми бузург дошта, ба сифати роҳнамои рушди давлатдории миллӣ садсолаҳо хизмат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






