СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои шаҳри Бӯстон санҷиш гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Ҳадафи асосии гурӯҳи корӣ бурдани корҳои тарғиботӣ байни кормандони корхонаҳои саноатӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати истеҳсолот, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави кор ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ мебошад.
Дар доираи фаъолият гурӯҳи корӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мироб» шинос гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда тавсияҳои муфид дод.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мироб» 6 июли соли 2022 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.
Корхона ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат бунёд гардидааст.
Дар корхона 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315-миллиметра истеҳсол мешавад. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, қубурҳои полиэтилении истеҳсоли корхонаи нав аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошанд.
Дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир ба афзоиши истеҳсолоти худӣ ва таъмини сокинон бо ҷои кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Бӯстон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Шералӣ Кабир иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Муколамаи «C5+1» дар Остона муаррифӣ намуд
Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Масъалаи таъсиси корхонаи коркарди пашм ва бунёди боғи пистаи туркӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар Зафаробод сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ идома дорад






