Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд

Ноябрь 27, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи аҳли санъату ҳунари ин кишвар дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллӣ истиқбол гирифта, роҳбаладони муассиса барои онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карданд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо намунаҳои табиати нотакрори  мамлакат ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» аз наздик шинос шуданд.

Аҳли санъату ҳунари Ҷумҳурии Беларус аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд