35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад

Декабрь 15, 2024 11:30

СУҒД, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ бунёд мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд, иншоот аз як ошёна ва таҳхона иборат буда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Тоҷик Элитсохтмон» мебошад. Ба корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза то 40 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.

Тибқи лоиҳа, дар дохили бино тарабхона, коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ, толори варзишӣ, сартарошхона ва толори ҳусн ҷойгир карда мешаванд. Барои ин имконият ва шароити зарурӣ мавҷуд буда, татбиқи лоиҳа сабаби бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани сокинон мешавад.

Имрӯзҳо дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Айнӣ сохтмони садҳо иншоот, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ,  коргоҳҳои истеҳсолӣ, сохтмон ва ивазнамоии хати обу ташноб, барқ, роҳу пулҳо, бунёди биноҳои наву иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ идома дорад.

Ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони беш аз 595 иншоот ба нақша гирифта шуда,  зиёда аз 400 адади он ба истифода дода шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Декабрь 15, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд