Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо муайян шуданд

Декабрь 6, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 декабр дар шаҳри Токио Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чор паҳлавони шинохтаи тоҷик- Обед Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва иштирок мекунанд.

Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ванг Йиангфенг аз Чин ва Маттиа Мисели аз Италия вомехӯрад. Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг дар даври аввал бо Иоан Житак аз Руминия гӯштин мегирад. Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон — Ҳидетоши Токумочи қувва месанҷад. Виктория Киселёва дар вазни +78 кг дар даври аввал бо Хинран Нию аз Чин қувваозмоӣ мекунад.

Ин мусобиқа яке аз чорабиниҳои муҳими тақвими байналмилалии ҷудо ба ҳисоб рафта, беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро дар бар мегирад. Ҷудочиёни тоҷик, ки таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати баланд доранд, барои нишон додани истеъдод ва иродаи қавӣ ба майдони ҷаҳонӣ ҷалб мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо барои иштирокчиён имкони муҳиме аст, ки холҳои заруриро барои беҳбуди мавқеи худ дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ба даст оранд.

Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо на танҳо майдони рақобат, балки намоиши ҷасорат, санъати ҷудо ва руҳияи қавӣ аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 6, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад