Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд

Декабрь 12, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати Бонки Осиёии рушд таҳти роҳбарии мудири молия (суғуртаи офатҳои табиӣ)-и гурӯҳи бахши молиявии бонк Томас В. Кесслер лоиҳаи барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ (Disaster Relief Bond (DRB)) аз ҷониби Бонки Осиёии рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар минтақа солҳои охир афзоиши офатҳои табиӣ ба мушоҳида мерасад. Вокуниш ба онҳо ва барқарорсозии зарар захираҳои назарраси молиявӣ талаб менамояд. Дар навбати худ захираҳои ҷорӣ аксар вақт барои қонеъ кардани ниёзҳо кофӣ набуда, зарурати дарёфти воситаҳои нави молиявӣ пеш меояд. Лоиҳаи Disaster Relief Bond барои коҳиш додани осебпазирии ҷисмонӣ ва молиявӣ дар ҳолати тағйирёбии иқлим ва рӯй додани офатҳои табиӣ пешбинӣ шуда, ҳамчун механизми суғуртавии муҳофизатӣ истифода мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки барориши чунин намуди коғазҳои қиматнок ҷалби босуръати захираҳои зарурии молиявӣ ва кам кардани сарбориро ба буҷети давлатӣ таъмин намуда, ҳангоми ба амал омадани  офатҳои табиӣ ҳамчун манбаи пардохтпазирии фаврӣ хизмат мекунад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба механизми татбиқи ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

АКС: Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд