Эмомалӣ Раҳмон: «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонон барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд»

Декабрь 28, 2024 12:43

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди ҷумҳурӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солҳои пеш  аз Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи давлат ангуштшумор нафарон мерафтанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

«Барои таҳсил ба хориҷи давлат фиристодани 117 ҳазор нафар ба  заҳмати омӯзгорон сахт марбут аст», — гуфтанд Сарвари давлат.

Декабрь 28, 2024 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд