«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ва роҳбарони онҳо аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки аз рӯйи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.
Мукофотҳо 10 декабр аз ҷониби Ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва роҳбарони онҳо супорида шуданд.
Ғолибони ҷойҳои якум-магистранти курси 1-уми факултети механикӣ ва технологӣ Хушбахт Мирзовалиев дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 2-юми факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳриёр Иноятов дар номинатсияи «Физика ва астрономия» бо 5000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибони ҷойҳои дуюм — донишҷӯи курси 4-уми факултети энергетикӣ Ҳотамҷон Замонов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Бинёмин Афроимов дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» бо 4000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибони ҷойҳои сеюм -донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» Сиёвуш Файзуллоев ва докторанти PhD факултети сохтмон ва меъморӣ Бахтиёр Гулямов дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Инчунин ба роҳбарони ғолибон мукофотпулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ супорида шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамасола бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигарон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026






