ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳо ва масъалаҳое гузошта шуданд, ки пеш аз ҳама, ба сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд,- чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Амирхон Ятимов.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаи ҷомеаи мутамаддинро доранд».
Соҳаи энергетика соҳаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад. Имрӯз тамоми талошу кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ба ин самт равона мегардад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон иброз гардид, ки «ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Инчунин як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад».
Яъне иқтидори мавҷудаи энергетикии мамлакат соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегардад.
Воқеан дар сурати пурра навсозӣ ва таъмир намудани неругоҳҳо Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои пешсаф дар тавлиди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза гардад. Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Ҳамзамон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки ҳоло бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расидаанд. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама сарчашмаҳо барои сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ мекунад. Дар ин ҷода бо якчанд созмони байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд бобати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома дорад. То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расида, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад. Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Дар маҷмуъ, вусъатбахшии корҳои сохтмону навсозии неругоҳҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми тоҷик мо ба ҳама ҳадафҳои олии худ, аз ҷумла истиқлолияти комили энергетикӣ расида метавонем.








Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»






