Мавқеи Тоҷикистон оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баён гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» мавқеи Тоҷикистон оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ин қолаб баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, зимни суханронӣ мавқеи давлатро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин», фаъолияти абзори корӣ ва котиботи он баён намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» ба имзо расид.
Дар доираи вохӯрии вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду давлат, раванди татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






