Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар якчанд муассисаи маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад.
Аз ҷумла, бо ҷараёни фаъолият ва зимистонгузаронӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ҷараёни сохтмони китобхонаи ин деҳа, ва муассисаи томактабии №14 шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки шумораи онҳо ба 33 адад мерасад, зимистонгузаронӣ дар ҳолати хуб буда, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар якчанд мактаб ангишт захира карда шудааст. Инчунин дар муассисаҳои калонтарин таҷҳизоти зарурии гармидиҳӣ насб гардидаанд. Аз ҷумла, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 зиёда аз 24 тонна ангишт захира шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 32 780 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз 2 ҳазор омӯзгор таълим медиҳад.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






