Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ иштирок намуд

Январь 24, 2025 14:56

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 январ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон      хабар доданд.

Ҳадафи асосии ҳамоиш аз мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи равишҳои байналмилалӣ дар самти аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ, ки бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ фаъолият мекунанд, иборат буд. Иштирокчиён ҷанбаҳои муҳими амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ, муқовимат ба таҳдидҳои марбут ба маводи ядроӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаро барои таҳкими амнияти глобалӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуда,  бо технологияҳои пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҷанбаҳои гуногуни амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ истифода мешаванд, шинос гардид. Дар доираи чорабинӣ сессияҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои муосир, таъмини мониторинги боэътимод ва омодасозии кадрҳо дар ин соҳа баргузор гардид.

Директори  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода иброз намуд, ки иштирок дар ҳамоиши Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчунин гирифтани донишҳо ва таҷрибаи нав барои баланд бардоштани иқтидори миллӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.

Илҳом Мирсаидзода гуфт, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими муколама байни кишварҳо, балки ба рушди равишҳои амалии ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки бо амният вобастаанд, мусоидат менамоянд.

Дар ҳамоиш ҳайатҳо аз 50 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ ҷамъ омаданд, то дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ барои мубодилаи таҷриба, таҳияи стратегияҳои муштарак ва муҳокимаи мушкилоти мавҷуда имконияти нодир фароҳам оваранд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 24, 2025 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон се стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд
Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир гардид
Дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои агротехникӣ барои ҷамъоварии ҳосили зироат идома доранд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд