ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент беш аз 400 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд

Январь 26, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ ва бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити зист дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани  шаҳри Панҷакент  беш аз 400 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои таъмини аҳолӣ ва ташкилоту идораҳои кишоварзӣ бо ниҳол тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар Хоҷагии фаръии давлатии ниҳолпарварии шаҳр беш аз 57,7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили навъҳои гуногуни себ, нок, биҳӣ, шафтолую зардолу, олуболу, гелос, чормағз ва бодом, ангур парвариш мешаванд ва беш аз 30 ҳазор бехи он ду ва сесола мебошад.

Ҳамчунин дар хоҷагӣ беш аз 18 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану оришии 2 ва 3-сола мавҷуд буда, онҳо барои шинонидан омода мебошанд.

Дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои шамшод, сарвиноз, маҷнунбед, навъҳои гуногуни дарахтони сӯзанбарг, гул ва павловния парвариш шуда, як қисми он барои шинонидан омода аст.

Сокинони шаҳр аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат мебахшанд.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Январь 26, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд