БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА НИҲОЛ ШИНОНЕМ! Солҳои 2025-2027 дар Душанбе 450 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

Январь 24, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  ва мутобиқ ба нақшаи амали он, ки солҳои 2025-2027-ро дар бар мегирад, дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 927 ҳазору 758 бех ниҳол шинонида мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар доданд, бо инобати амалишавии ин барнома ва бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва дар ин замина коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми солҳои 2025-2027 шинонидани 450 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳудуди шаҳраку маҳалла, гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии ноҳияҳои пойтахт дар мавсими сабзазоркунии имсола ба миқдори 205 902 бех ниҳол, аз ҷумла 71 882 бех сояафкан, 106 796 бех ороишӣ, 27 224 бех мевадиҳанда ва 8 миллиону 586 ҳазору 72 бех гулҳои мавсимӣ ва лола шинонида шуданд. Ҳамзамон 47 874 метри мураббаъ майдон майсазор карда шуд.

Дар доираи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт тибқи нақшаи тасдиқшуда дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе ба миқдори 88 ҳазору 92 бех ниҳолҳои ороишии санавбар, сарвиноз, шулаш (гулафшон) ва қарағоҷ шинонида мешаванд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди  Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишии навъи санавбар шинонида шуданд.

Тавре Президенти Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Раванди корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳри Душанбе  зери назари мутахассисони соҳа қарор дошта, тибқи пешниҳоди онҳо шинонидани дарахту буттаҳои навъи ҷалғӯза, чинор, санавбар, заранг, булут, арча, сарвиноз, шоҳбулут, сарв, олу, себ ва ёс амалӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Январь 24, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди «Боғи Ғалаба» зиёда аз 1000 бех ниҳол шинониданд
«САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ». Дар ноҳияи Варзоб ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Соли 2026 дар Хатлон 600 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Зафаробод 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд
ДАРАХТИ ПАВЛОВНИЯ ЧӢ АФЗАЛИЯТ ДОРАД? Дар маркази шаҳри Ҳисор беш аз 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои он дар Тоҷикистон дар садҳо гектар саксавул шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ оғоз гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор ҷиҳати татбиқи он чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад