Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон таъсис мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки ин маркази омӯзишӣ барои донишҷӯён таъсис дода мешавад, то муҳтавои паёмҳои Президенти Тоҷикистонро, ки инъикосгари самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд, ҳамаҷониба омӯзанд.
Бояд гуфт, ки аз 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дорад.
Тавре директори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамолиддин Шарифзода иброз намуд, дар ин марказ барои омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби давлатдории Пешвои миллат пажуҳиши илмӣ гузаронида мешавад. Ба марказ магистрантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёне, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногун доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсии мамлакат анҷом медиҳанд, ҷалб мегарданд.
Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Президенти Тоҷикистон ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз намуданд, «дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд».
Дар робита ба ин супориши Президенти Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки «омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсил- ин таъмини пурраи донишҷӯён дар дарс мебошад. Имрӯз гуфта метавонем, ки иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ҳамарӯза 92 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсил ба масъалаи таъмини пурраи китобҳои дарсӣ, лексияҳои дарсӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таъмини технологияи муосири таълим ва синфхонаҳои электронӣ диққати аввалиндараҷа равона мегардад».
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки устодони донишгоҳ тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаашонро ба пешбурди фаъолияти муназзами таълимӣ, илмию инноватсионӣ, тарбиявию идеологӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишманд барои пешрафти мамлакат равона намудаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар назди филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Шурои диссертатсионии байнидавлатӣ таъсис дода шуд






