Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид

Январь 15, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз   гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд. Баргузории ин маҳфил робитаҳои фарҳангии давлатҳоро густариш дода, боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Дар маҳфил шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли  фарҳанги ду давлат- Тоҷикистон ва  Эрон иштирок намуданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ду мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Ин фарҳангу таърихи бойи ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.

Таъкид гардид, ки робитаҳои фарҳангию маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд 3-9 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд. Ҳамчунин аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва  Эрон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар назар аст, ки имрӯз меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати меҳмонон Пажуҳишгоҳи форсӣ-тоҷикӣ  ифтитоҳ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд