Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои машқҳои дастҷамъӣ ба Туркия рафт

Январь 9, 2025 10:29

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 барои ҷамъомади таълимию тамринӣ ба Анталия (Туркия) рафт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кард.

Дар барномаи ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки аз 8 то 24 январ идома мекунад, дастаи мунтахаби наврасони мо панҷ бозии санҷишӣ мегузаронад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 9, 2025 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд