ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Қолин бо нақшу нигори гуногунранг маснуоти бофандагии бадеӣ аст
СУҒД, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қолин маснуоти бофандагии бадеие аст, ки одатан нақшу нигори гуногунранг дорад. Онро бештар барои гарм кардан, оро додан ва фурӯ нишонидани садо ба фарши хона меандозанд ё ба девор меовезанд,- мегӯяд қолинбофи номдори шаҳри Истаравшан Абдуқаҳҳор Ҳамдамов.
Абдуқаҳҳор Ҳамдамов иброз дошт, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон аз нав рушду эҳё гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ ва имтиёздиҳӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ гардида, ба ташкили ҷойи нави кор ва беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат менамояд.
Қолинбофӣ
Қолинро одатан якқабата ва бисёрқабата, патдор ва бепат мебофанд. Қолин аслан патдор мешавад. Аз сабаби он ки баъзе гилемҳо патдор мешаванд, онҳоро ҳам қолин мегӯянд.
Қолин матои бисёрқабатае аст, ки ба торҳои асос дастаҳои алоҳидаи ришта ба якдигар зич (гиреҳҳои патдор) баста шудаанд. Нӯги ришта (дастаҳо)-ро аз тарафи рости қолин як хел карда мебуранд, ки дар натиҷа пати зичи махмалӣ ҳосил мешавад ва асосу пудро мепӯшонад. Баландии пуд аз 3 то 18 мм мешавад. Пат қолинро ғафс намуда, онро бадошт ва мулоим мекунад. Қолин вобаста ба сифат (тарзи бофтан, дӯхтан, гулдорӣ), масолеҳ (пашмӣ, патдор, пахтагин), рангу бор, андоза ва нақшу нигори он ба хелҳои гуногун ҷудо шуда, қимати он ҳам аз рӯйи ҳамин хусусият муайян мешавад.
Қолинҳоро инчунин бо назардошти паташон мебофанд, ки онҳо қолинҳои паташон нобурида (ҳалқагӣ), муштарак, бурида ва нобурида мешаванд.
Ҳунари аҷдодӣ
Абдуқаҳҳор Ҳамдамов мегӯяд, ки дар оилаи мо қолинбофӣ ҳамчун касби аҷдодӣ идома дорад ва насли чорум машғули ин ҳунар аст.
Қолини дастибоф воситаи гармию ороиши хона, ҳамчунин намунаи санъати волои ҳунармандӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи истеҳсоли қолин садсолаҳоро дар бар мегирад. Он аз марказҳои қолинбофии Эрон, Покистон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон ва Чин оғоз мегирад.
Ҷараёни қолинбофӣ аз насл ба насл, авлод ба авлод гузашта, ҳунармандон анъанаҳои қадимиро нигоҳ медоранд. Бинобар ин дар ду ҳазорсола тарзи тайёр кардани қолинҳои дастибоф амалан бетағйир мондааст. Баробари ихтироъ шудани дастгоҳҳои фабрикаю коргоҳҳои қолинбофӣ дар ҳаҷми калон қолин истеҳсол мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, қолинҳои дастибоф имрӯз низ арзиши худро гум накардаанд.
Бофтани қолин раванди мураккабу дароз аст. Дар қолинбофӣ тадрис аз назария оғоз мешавад. Баъд марҳила-марҳила ба амалия, нақшакашӣ, ҷорӣ кардани меъёрҳои сифат мегузарем. Дар қолинбофӣ аз худ кардани технология муҳим аст. Технология, ки аз худ шуд, маҳсулоти гуногунҳаҷм — аз армуғон то қолинҳои калон истеҳсол мешаванд. Барои бофтани қолин дастгоҳ зарур аст, ки аз ғилдиракчаҳо, тахтача, асос, домкрат (механизм барои бардоштани чизҳои вазнин) иборат аст. Дар қолинбофӣ барои асос аз риштаҳои пахтагӣ (баъзан пашмӣ) истифода мебаранд, зеро хусусияти лағжандагию ёзандагӣ надоранд.
Дар оғози кор қолинбоф бо се ёвар аз ду ҷониб тор мекашад. Баъд шаддаю гула мепечонанд, то пешу пасро муайян карда тавонанд. Нақш дар қоғази махсус кашида шуда, рангу гулу андозаҳо дақиқ ва миқдори тор низ пешакӣ муайян мешавад. Барои 10 сантиметр зичии қолин кашидани 18-22 тор муҳим аст. Баъд тӯр мебофанд, то пати қолин поён нафарояд (6-8 қатор) ва баъди ин ҷараёни мураккаби гиреҳбандӣ оғоз мешавад. Пас аз анҷоми ин амал бо асбоби махсус пати қолин қайчӣ ва сатҳаш ҳамвор мегардад.
Барои қолинҳои қиматбаҳо риштаҳоеро, ки аз бузи кӯҳӣ (ангорка) тайёр мешаванд, истифода бурдан мумкин аст. Пашми гӯсфанди кӯҳӣ – миринос низ сифати баланд дорад. Барои ранг додани риштаҳо аз пӯсти пиёз, навдаи биҳӣ, гули тоҷи хурӯс, чормағз истифода мебаранд. Инчунин барои қолинбофӣ риштаҳоро пухта мекунанд (ҷараёни 35-40 риштаи пахтагиро ба ҳам печондан пухта кардани ришта ном дорад). Бо вуҷуди душвору вазнин ва тӯлонӣ гузаштани ҷараёни қолинбофӣ дасту пой ва руҳи одам роҳат мекунад, асаб ором мешавад. Қолинҳои дастибоф дар гармою сармо роҳатбахши ҷисми инсон ҳастанд, аз ин рӯ дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд доранд.
«Албатта, ин ҳама ғамхорию дастгириҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мо, ҳунармандон имрӯз дар фазои оромию осоиштагӣ ва зери осмони софу беғубор фаъолият менамоем. Маҳсули дасти худро дар намоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ба маъраз мегузорем, онро ба бозор бароварда, дастраси мардум менамоем. Ва маҳз дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлатамон аз баракати истиқлолу сулҳу субот ва ваҳдат бо ҳунари дастонамон зиндагиамонро пеш мебарем»,- иброз дошт дар охири сухан қолинбофи номдори тоҷик Абдуқаҳҳор Ҳамдамов.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз қолинбоф Абдуқаҳҳор Ҳамдамов








Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






