ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти гумрук мебошад. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2024 дар сатҳи 9,7 миллиард сомонӣ ё 106,8 фоиз иттилоъ медиҳад.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис шуда, дар рушди иқтисодиёти миллӣ, бахусус ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши калидӣ дорад.
Сардори Хадамоти гумурки Тоҷикистон афзуд, ки омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакат дар соли 2024, дар маҷмуъ ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ рабт доранд.
Татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024»
Ба андешаи Сардори Хадамоти гумрук, қабулу татбиқи амалии «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии мақомоти гумрук мусоидат намуд. Инчунин нишондиҳандаҳои асосии рушд ва таҷдиду навсозии мақомоти гумруки Тоҷикистонро барои панҷ сол бо назардошти маҳдудияти мавҷудаи буҷетӣ ва имконияти ҷалби сармоя, содагардонии расмиёти содиротию воридотӣ, барасмиятдарории саривақтию шаффоф ва аз байн бурдани монеаҳо дар гардиши тиҷорати хориҷӣ фаро гирифт. Ҳамзамон тавассути таҳкими инфрасохтори гумрукӣ ва татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ, тақвияти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ва дар ин замина ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии дигар самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук амалӣ карда шуд. Амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи ин барнома ҳама самтҳои фаъолият, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнуияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамкории байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, экспертиза ва таҳқиқот, такмили инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди низоми пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.
Зернизоми ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ дар мақомоти гумрук фаъол гардид
Аз муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки аз 10 қисмат яке аз қисматҳои инфрасохтори Ҳукумати электронӣ амалисозии низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ мебошад. Дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва фармоиши Хадамоти гумрук «Дар бораи дар истеҳсолот татбиқ намудани зернизоми ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ» аз моҳи майи соли 2022 зернизом ба таври расмӣ ба истифода дода шуд.
Аз соли 2021 пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ пурра ба таври электронӣ амалӣ мешаванд
Гузариш ба низоми қабули пардохтҳои гумрукӣ ба тариқи ғайринақдӣ яке аз омилҳои муҳим дар иҷрои барзиёди нақшаи пардохтҳои гумрукӣ буда, аз соли 2021 дар мақомоти гумрук пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ пурра ба таври электронӣ амалӣ мешаванд. Татбиқи низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ», ки боиси гузариш аз шакли коғазӣ ба электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои расмии 11 мақомоти вориди ин низом гардид, ба сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ мусоидат намуд.
Зернизоми идораи таваккал бо истифода аз модули иловагии «Дата Майнинг», ки аз қисматҳои зеҳни сунъӣ мебошад, ба истифода дода шуд. Ин зернизом молҳоеро, ки ҳамчун молҳои таваккал ҳаммонанд карда мешаванд, муайян намуда, барои татбиқи санҷиши иловагӣ нисбат ба ин намуди мол ба таври электронӣ хабар медиҳад.
Бо Русия ва Миср Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Бо дахли ҳамкории байналмилалии мақомоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода таъкид намуд, ки соли 2024 Хадамоти гумруки Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арабии Миср, Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ бо Федератсияи Русия ва Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расонид. Инчунин дар мулоқот бо намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон масъалаҳои тақвияти иқтидори Хадамоти гумрук, аз ҷумла масъалаҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва касбияти кормандони мақомоти гумрук муҳокима гардиданд. Бо мақсади тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва вусъати коргузории электронӣ бо кишварҳои шарик лоиҳаи созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубодилаи электронии сертификатҳои тавлиди мол тавассути низомҳои электронии «Равзанаи ягона» бо Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Чин ва Эрон таҳия шуда, дар баррасии мақомоти гумруки ин давлатҳо қарор дорад.
Мавриди истифодаи пилотӣ қарор гирифтани Низоми иттилотии «АСИКУДА»
Хуршед Каримзода гуфт, ки дар айни замон Низоми иттилоотии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ мавриди истифодаи пилотӣ қарор дорад. Ин низом ҳамгироии якчанд низоми алоҳидаро фаро гирифта, қисматҳои зиёди он низ бо истифода аз унсури зеҳни сунъӣ ба амал бароварда мешаванд. Татбиқи амалии чораҳои гуфташуда раванди вобастагии барасмиятдарории гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро аз омилҳои инсонӣ коҳиш дода, дар ин самт ба таври системавӣ ба тариқи технологияҳои муосир фаъолият карда шуд, ки ин барои барзиёд таъмин шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи «БРАМОМ-4»- баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ байни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ
Бо мақсади мутобиқсозии пурраи самтҳои фаъолияти гумрукӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз аввали соли 2022 дар Хадамоти гумрук татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» (БРАМОМ-4) оғоз гардид, ки ҳадафи ин тарҳ баланд бардоштани самаранокии савдои байнисарҳадӣ байни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақавӣ ва устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар минтақаҳои Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Дар доираи лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ марҳилаи – 4» қисмати 3 ба «Содагардонии интиқоли байнисарҳадии мол ва мусофирон» равона гардидааст, ки он 20,0 миллион долларро ташкил намуда, муҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.
Дар ҳошияи марҳилаи 4-уми лоиҳа моҳи июни соли 2022 байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд Созишнома «Оид ба таъмини кумаки техникӣ вобаста ба гузариш ба Низоми иттилоотии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ ва амалисозии ислоҳоти гумрукӣ» барои навсозии платформаи гумрукӣ ба маблағи беш аз 6,9 миллион доллар ба имзо расонида шуд. Ҳадафи ҷорӣ намудани Низоми иттилоотии «АСИКУДА» гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол ва ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ дар шакли электронӣ барои содагардонии расмиёти савдо, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозӣ, шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад.
Озмоиши пилотӣ дар 31 нуқтаи барасмиятдарории гумрукӣ
Ин низоми иттилоотӣ ба содагардонии расмиёти гумрукӣ бо роҳи татбиқи шакли мукаммали декларатсиякунонии электронӣ, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, ҳосил намудани маълумоти боэътимоди саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва омори фискалӣ, ки ба ҷараёни банақшагирии иқтисодиёт ва беҳтар намудани назорати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ тавассути таҳкими назорати риояи талаботи қонунгузории гумрукӣ мусоидат менамоянд, нигаронида шудааст. Низоми ҳамгироӣ якчанд низоми алоҳидаро фаро гирифта, қисматҳои зиёди он ба таври автоматӣ ва бо истифода аз унсури зеҳни сунъӣ ба амал бароварда мешаванд. То ба имрӯз 31 нуқтаи барасмиятдарории гумрукӣ ба озмоиши пилотӣ дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мутаносибан 5-нуқтаӣ, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд-9, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон-7 ва дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 нуқтаи барасмиятдарории гумрукӣ ба пилотӣ ҳамроҳ гардиданд, ки онҳо беш аз 70 фоизи гардиши молро ташкил медиҳанд.
Барои густариши санҷиши пилотии низоми иттилоотии «АСИКУДА» дар ин нуқтаҳои барасмиятдарорӣ корҳо вобаста ба насби қисми истифодабарандаи низом дар компютерҳои масъулини гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ, бақайдгирӣ ва кушодани дастрасӣ ба низом, ошкор ва бартараф намудани хатоиҳои функсионалӣ ва техникӣ дар ҷараёни санҷиши пилотӣ, мусоидат ва расонидани ёрии амалӣ ба шахсони мансабдори гумрукҳо, нозирони дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ барои корбарии низоми «АСИКУДА» анҷом дода шуданд.
«АСИКУДА» дар мақомоти гумрук сифати барасмиятдарории гумрукиро баланд мебардорад
Моҳи ноябри соли 2024 бо мақсади вусъати озмоиши пилотии низоми «АСИКУДА» дар маркази нави коркарди маълумоти Хадамоти гумрук корҳои танзими 22 сервери виртуалӣ, шабакаи коммуникатсионӣ, DNS-серверҳои алоҳида, танзими прокси-сервер барои назорат кардани трафик ва беҳтарсозии бехатарӣ ба анҷом расонида шуд. Татбиқи низоми «АСИКУДА» дар мақомоти гумрук сифати барасмиятдарории гумрукиро баланд бардошта, барои тезонидани расмиёти гумрукӣ ва коҳиш додани сатҳи коррупсия мусоидат менамояд.
Низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 бо фарогирии 11 мақомоти ба низом воридшуда 1 сентябри соли 2020 мавриди истифодаи расмӣ қарор гирифт. Тибқи он дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат, инчунин мубодилаи иттилоот байни сохторҳои ваколатдор тариқи электронӣ доир мешавад.
Дар натиҷаи тадбирҳои анҷомдода ба ҳолати 1 январи соли равон 2 460 корманди ширкатҳои брокерию соҳибкорӣ ва мутахассисони мақомоти воридшуда бо усули инфиродӣ оид ба истифодаи низом ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дар он ҳамчун истифодабаранда сабт шуданд. Аз оғози истифодаи расмии низом то ҳол бо 1 ҳазору 360 субъекти хоҷагидор шартнома ба имзо расонида шуда, аз тарафи онҳо ба мақомоти ба низом воридшуда 242 ҳазору 400 дархости шаклаш ягона ворид гардида, беш аз 222 ҳазору 650 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо ба ҳомили электронӣ пешниҳод шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз