НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 53 ихтисоси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барномаҳои таълимии нави намунавӣ таҳия шудаанд

Январь 30, 2025 16:56

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз тарафи қисми таълим ва садорати факултетҳо барои 53 ихтисос барномаҳои таълимии нави намунавӣ ва барномаҳои таҳсилӣ тибқи модулҳо, мутобиқи талаботи байналмилалӣ, мантиқ ва принсипҳои раванди Болония таҳия шуданд.  Дар ин ҳуҷҷатҳои пешбурди раванди  таълим  дар «Бахши фанҳои заминавӣ» модулҳои фанҳои иҷтимоӣ — гуманитарӣ, фанҳои забонҳо,  фанҳои табиӣ – иқтисодӣ ва технологияи иттилоотӣ мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои миллию фарҳангӣ  ва таърихи миллати тоҷик ба эътибор гирифта шудаанд. Тибқи нақшаҳои таълимии нави намунавӣ нақшаҳои корӣ таҳия ва тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.  Чунин баён дошт Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Дар 10 факултети донишгоҳ 4666 донишҷӯ аз рӯйи 53 ихтисос ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 162 нафар барандагони квотаи президентӣ мебошанд. Дар таҳсилоти фосилавӣ 1051 донишҷӯ аз рӯйи 29 ихтисос таҳсил менамоянд, ки аз ин миқдор 199 нафар духтаронанд. Дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ 91 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар айни замон дар зинаи магистратура 64 нафар ва дар зинаи доктор(PhD) 28 нафар таҳсил менамоянд.

Дар таърихи донишгоҳ аввалин маротиба дар факултети тибби ветеринарӣ гурӯҳи англисӣ ташкил карда шуд, ки устодони худи донишгоҳ тамоми дарсҳоро ба забони англисӣ баргузор намуда, донишҷӯён низ дар донистани забон фаъол ҳастанд. Натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025 дар ин гурӯҳ назаррас аст. Ҳамзамон раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда теъдоди чунин гурӯҳҳоро дар дигар факултетҳо зиёд намояд.

75 омӯзгори ҷавон барои омӯзиши забони русӣ ва 45 нафар барои забони англисӣ ба машғулияти дарозмуддат ҷалб шуда, аз санҷиш гузаронида шуданд.  Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 30 омӯзгор ва 250  донишҷӯ забонҳои англисӣ ва олмониро медонанд.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Январь 30, 2025 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд