ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад

Январь 23, 2025 15:22

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Пас аз қуръакашии Ҷоми Осиё-2025, ки имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» қарор гирифт. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Ҳамагӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим шудаанд, ки ҳар кадом аз чаҳор дастаӣ иборат мебошанд. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳама иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 байни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 23, 2025 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид