««РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТ ВА ИФТИХОР». Таҳти чунин унвон намоиши асарҳои рассомон доир мегардад

Январь 17, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи рассомони Тоҷикистон нақша дорад, ки таҳти унвони ««Роғун» — рамзи қудрат ва ифтихор» аз ҷараёни бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» намоиши махсуси асарҳои ҳунарӣ пешниҳод намояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иттилоъ доданд, 16 январ гурӯҳи рассомон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид.

Ҳадафи сафар на танҳо шиносоӣ бо иншооти аср, балки ҷамъоварии маводи зарурӣ барои эҷоди асарҳои ҳунарӣ дар бораи ин лоиҳаи бузурги энергетикӣ мебошад.

Рассомон шоҳиди иқтидори муҳандисию меъмории иншооти «Роғун» гардида, бо муҳандисон ва коргарон вохӯрӣ намуданд.

 АКС: Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

Январь 17, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» қариб 60 дарсад ба анҷом расидаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд