Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ДУШАНБЕ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ вазифаҳо мушаххасу муайян гардиданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамчун қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд».
Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси марказҳои касбомӯзӣ ва фароҳам овардани шароити касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани аҳолии ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, иброз намуданд, ки «…дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои таълими калонсолон таъсис шуда, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрванд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти корҳо дар самти фарогирии шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ва омода намудани кадрҳои коргарӣ дастур доданд, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне, дар панҷ соли оянда дар ҳамаи ин муассисаҳо беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои омӯхтани илму дониш ва азхуд кардани касбу ҳунарҳои миллию муосир тамоми шароитро муҳайё намуда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Тадбирҳои андешидашаванда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин раванд барои рушди таҳсилоти касбӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027» бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалӣ мегарданд.
Тибқи нақшаи дурнамои фарогирии шаҳрвандон ба машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» оварда шудааст, давоми солҳои 2021-2024 тавассути машғулияти кӯтоҳмуддати назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ 720 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу ҳунар ва забономӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани шаҳрвандони мамлакат ба касбомӯзӣ ва дастрасии онҳо ба таҳсили босифати касбӣ дастур дода шуд, ки барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникию муҳандисӣ чораҷӯйӣ намуда, ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Зимнан Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ ва шарикони рушд дар самти таҳияи стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълимӣ (модулӣ), таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рақамикунонии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омода кардани кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҳамкорӣ менамояд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 65 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯи 23 самт ва зиёда аз 500 касбу ихтисос хонандагону донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 23 ҳазору 500 нафар ва теъдоди шунавандагони машғулияти кӯтоҳмуддати назди ин муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазор нафарро ташкил дода, 1 ҳазору 605 нафар омӯзгор ва 978 нафар устои таълими истеҳсолӣ ба таълиму тарбияи хонандагону шунавандагон машғул мебошанд.
Ҳамчунин дар назди 45 литсейи касбии техникӣ ва 1 коллеҷ марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаъолият доранд, ки дар онҳо аз рӯйи 5 самт ва 110 касбу ҳунар шаҳрвандон ба машғулияти кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии ҳунармандон ба расмият (валидатсия) дароварда мешаванд.
Барои омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва омода намудани ҳунармандони касбӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021 «Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ» тасдиқ гардид. Дар ин қарор касбҳои ҳунармандӣ дар 12 самт гурӯҳбандӣ карда шуда, 167 номгӯйро дар бар мегиранд.
Соли 2024 кумита дар доираи амалишавии лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 25 касбу ихтисоси зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд, стандартҳои касбӣ (салоҳият), нақша ва барномаҳои таълими (модулӣ)-ро бо ҷалби мутахассисони маҳаллию байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дастрас намуд. Ҳоло дар 31 литсейи касбии техникӣ раванди таълим тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда шуда, дар дигар литсейҳои касбии техникӣ низ ин методология давра ба давра ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» синфхона ва устохонаҳои таълимии 6 литсейи касбии техникӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои 6 касбу ихтисос таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст. Давоми солҳои 2025-2026 таъмири синфхона ва устохонаҳои таълимии 14 литсейи касбии техникӣ ва харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ барои 14 касбу ихтисос дар назар дошта шудааст.
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ аз соли 2024 амал мекунад. Ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсили касбӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ин давра барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ тақвият ёфта, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии Маркази хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар ноҳияи Данғара аз рӯйи касбҳои тракторчӣ ва харрот машғулияти кӯтоҳмуддат гузаронида шуд. Гузаронидани машғулияти кӯтоҳмуддати омодасозии механизаторону комбайнёрон ва устоҳои таъмиргари техникаю механизмҳои кишоварзӣ дар пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Рашт, Тоҷикобод, Дӯстӣ ва Ҷайҳун ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии тобеи кумита барои густариши тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо мутахассисони варзида бо 562 ташкилоту муассисаҳо, хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ созишномаҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Дар робита ба тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти корфармоён ба қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд кумитаҳои соҳавии соҳаҳои саноат, сохтмон ва энергетика, инчунин 21 кумитаи машваратии соҳавӣ ва 8 маркази захиравӣ дар назди литсейҳои касбии техникӣ таъсис дода шуд. Ин барои боз ҳам тақвият додани корҳо бобати омода кардани мутахассисони варзида, таъмин намудани ин соҳаҳо бо кадрҳои коргарӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди корҳои зиёди баанҷомрасида вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолии ҷумҳурӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои пешбинишуда ва амалишаванда бояд таҳким дода шаванд.
Аз ин рӯ ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон дар байни аҳолии ҷумҳурӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида, барои зиёд намудани теъдоди қабули хонандагон ва ҷорӣ намудани касбу ихтисосҳои нав, ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд, чораҷуйӣ намоянд. Ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкориро бо корфармоён васеъ намоянд. Зеро ин нишондиҳандаҳо омили асосӣ барои фарогирии аҳолии мамлакат ба омӯзишӣ касбу ҳунар ба ҳисоб мераванд.
Алишер АЛИЗОДА,
муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»