Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.
Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ гузаронида шуда, ин сана расман рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон гардид.
Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳод эътимод доранд ва пайваста дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум омода намудани афсарону сарбозонро таъкид менамоянд.
«Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат ва осудагии давлат ба ҳисоб рафта, мо бо ҷавонмардони соҳибватани тоҷик ифтихор мекунем. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои артиш ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи Тоҷикистон табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат менамоянд. Чунки ин родмардони миллат кафили зиндагии орому босуботи мо ва ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд»,-иброз гардид дар ҳамоиш.
Зимни барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ машқҳои элементӣ ва муҳорибаҳои тан ба тан намоиш дода шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав













Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






