Дар Тошканд нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд

Февраль 3, 2025 13:58

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 январ дар шаҳри Тошканд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба корҳои вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025 иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни нишаст масъалаҳои марбут ба такмили мундариҷавии даври ҳафтуми вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки баргузории он сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Узбекистон дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин вобаста ба баргузории чорабиниҳои муштарак, ки дар Роҳкори рушди ҳамкории минтақавӣ то соли 2027 пешбинӣ шудааст, табодули афкор анҷом дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд