Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2025/02/iktisodi-rakami-.jpg)
ДУШАНБЕ, 09.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз омилҳои асосӣ дар самти татбиқи технологияи инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳаи иқтисодиёт- ин сармояи инсонӣ ва захираҳои кадрии дорои лаёқати баланд ва маърифати истифодаи технологияи рақамӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин замина нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ хеле калон мебошад.
Бояд аз ҷониби ин муассисаҳо даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти истифодаи технологияи инноватсионӣ дар истеҳсолот бо ҷалби мутахассисон аз хориҷи мамлакат гузаронида шаванд. Чунин нигоштааст номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фирдавс Арабов дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».
— Иқтисодиёти рақамӣ ин раванди гузариши ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ба шакли нави фаъолият бо технологияҳои рақамӣ бо истифода аз интернет, телефонҳои мобилӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба низоми нави иқтисодӣ, яъне рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва татбиқи технологияиҳои инноватсионӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Зарурати ин масъаларо ҳанӯз 20 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда, пешниҳод буданд, ки «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ҳамон сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома қабул карда шуд, ки вазифаи асосии он аз таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ; таъсис ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ; ташаккул ва такомули низоми тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ; ташкили низоми иттилоотӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва дигар самтҳо иборат буд. Он заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва институтсионалиро дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ муҳайё намуд.
Барои татбиқи пурраи ин барнома соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти инноватсионӣ қабул карда шуд, ки яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, самти фаъолияти инноватсионӣ, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.
Раванди татбиқи технологияи инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт марҳилаи душвор буда, ҳамкории соҳаи илм, таълим, истеҳсолот ва тиҷоратро талаб менамояд. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2015 ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҳамкории парки технологӣ ва инноватсиониро бо паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вусъат бахшида, барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои инноватсионӣ тадбирҳо андешанд. Ин иқдом барои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва вусъат бахшидани ҳамкории бахши илм бо тиҷорат ва соҳибкорӣ заминаи хуб фароҳам овард.
Барои беҳтар намудани раванди инноватсиноӣ ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Қабули консепсия ва барномаҳо барои тезонидани суръати рушди иқтисоди миллӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Вобаста ба зарурати гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2021 супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Вазифаи асосии он пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ маҳсуб шуда, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро зери назорат гирифта, ҳамкории илм-давлат-тиҷоратро дар амал татбиқ менамояд.
Бояд гуфт, ки пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз низомҳои муҳими соҳаи бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар самти рақамикунонии раванди иқтисодиёт, поин бурдани фарсудашавии асъори миллӣ, рушди низоми бонкӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ дар раванди хизматрасонии бонкӣ кумак менамоянд. Вобаста ба зарурати он Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2022 таъкид намуданд, ки “бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1 июли соли 2023 ҳама хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ амалӣ шавад”. Ин иқдом қадами навбатӣ дар самти гузариши соҳаи иқтисодиёт ба иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, шаффофият дар раванди пардохтҳои давлатӣ, танзими манбаъҳои андозбандии шахсонӣ воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Марҳила ба марҳила амалинамоии ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гузариши соҳаи иқтисодиёт ба иқтисоди сатҳи нав, яъне иқтисоди рақамӣ замина фароҳам оварда, инноватсиякунонӣ ва рақамикунонии фоъолияти сохторҳои давлатӣ ва соҳибкориро осон гардонид. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 таъкид намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Дар доираи ин муассисаҳои таъсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-техникӣ-таҳқиқотӣ, вазорату идораҳои дахлдори соҳа бояд барои гузаштани соҳаи иқтисодиёт ба низоми нав, яъне иқтисоди рақамӣ заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ, институтсионӣ, инфрасохторӣ фароҳам оварда, барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намоянд.
Бояд иброз намуд, ки барои рушди иқтисодиёти рақамӣ шабакаи боэътимоди мобилӣ, инфрасохтор ва интернети мувофиқ муҳим аст. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G), инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот дар ин давра вусъат дода шавад. Зеро татбиқи технологияи рақамӣ дар истеҳсолот воситаҳои интернетӣ (IoT), зеҳни сунъӣ (AI), интернети босуръат, дастрас ва арзонро талаб менамояд.
Ҷанбаи дигари иқтисодиёти рақамӣ ворид намудани технологияҳои рақамӣ ба иқтисодиёти умумӣ мебошад. Зеро дар шароити кунунӣ соҳаҳои иқтисодӣ бе татбиқи технологияи инноватсионӣ рушд карда наметавонанд. Дар ин замина бояд имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои ворид намудани технологияи инноватсионӣ ва рақамӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ амалӣ карда шаванд.
Вобаста ба ин зарур аст, ки давоми Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба миқёс ва тамоюли рушди иқтисодиёти рақамӣ диққати асосӣ зоҳир намуда, вазъи умумии иқтисоди рақамӣ назорат карда шавад. Инчунин Стратегияи рушди иқтисоди рақамиро таҳия кардан зарур аст. Дар доираи ин стратегия самтҳои маблағгузорӣ ва сармоягузориро барои татбиқи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт мушаххас нишон додан зарур мебошад.
Барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии иқтисодиёт фаъолияти ҳама соҳаҳо- илм, таълим, соҳибкорӣ, тиҷорат ва сохторҳои давлатӣ бояд мақсаднок бошад.
АКС: АМИТ «Ховар»