«КИШВАРИ САБЗ». Дар ин парваришгоҳ зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ парвариш мешавад

Февраль 21, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишвари сабз»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки тарзу усули кишт ва парвариши онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ шудааст.

20 феврал зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз  ин парваришгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар масоҳати 2 гектару 20 садяк дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.

Дар гармхона зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо ва дарахтон, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули хонагӣ ва 100 ҳазор гули бисёрсола бо усули муосир ва пешрафтаи ҷаҳонӣ аз тухмӣ кишту парвариш меёбад.

Сарвари давлат ба роҳбарони марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва боғҳои пойтахт супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебою дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Бояд гуфт, ки қабули «Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баёнгари он аст, ки ин сиёсат муваффақона пеш меравад ва Тоҷикистон дар самти истифодаи энергияи «сабз» ва дар оянда воқеан ҳам ба мамлакати сарсабз табдил ёфтан қадамҳои устувор мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Душанбе ҳамасола барои вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ, тарғиби зебоипарастӣ байни сокинони пойтахт барои муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад. Имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Ниҳолшинонию гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста ва хуррамию сарсабзӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад