НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад

Февраль 3, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа тадбирҳои муассир меандешанд, аз 1 сентябри соли 2025 маоши омӯзгорон ба андозаи  20% баланд бардошта мешавад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст, ки дар заминаи дастгириҳои иҷтимоии Президенти Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2025 музди маоши кормандонро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва тарбияю омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.

Дар назди донишгоҳ  як литсей,  Институти илмӣ-таҳқиқотӣ (табииётшиносӣ ва техникӣ), маркази Мавлоношиносӣ ва мавзеи таълимию таҷрибавии Зағиртут фаъолият менамоянд.

Донишгоҳ соли 2024 мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф дар даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавқеъ гирифт.

Ҳоло дар 45 кафедраи донишгоҳ 621 омӯзгор, аз ҷумла 17  профессор, 189 номзади илму дотсент, 420 саромӯзгор, омӯзгорон ва ассистентон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд.

Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 19 754 нафарро ташкил медиҳад, ки 8921 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар донишгоҳ 65 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Дар донишгоҳ 486 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, 8 нафар Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидаанд.

Аз ҷониби раёсати донишгоҳ соли  2025 вобаста ба тарғиби осори гаронмояи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз рӯйи равияҳои табиӣ ва гуманитарӣ барои 6 донишҷӯ идрорпулӣ ба номи Носири Хусрав таъсис дода шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар

Февраль 3, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд