НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.205 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ба ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё мусоидат намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ичрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов иттилоъ дод.
Масъалаи муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ берун аз мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти Палата ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ба он диққати махсус дода шуд. Палата иштироки аъзо ва соҳибкорону ширкатҳои ватаниро дар намоишгоҳҳои 9 давлати дунё, аз ҷумла Узбекистон, Эрон, Федератсияи Русия, Туркия, Чин, Олмон, Ҳиндустон, Дубай ва Қатар таъмин намуд.
Инчунин барои шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата зиёда аз 2862 соҳибкор ба таври ҳузурӣ (офлайн) ва маҷозӣ (онлайн) дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва форумҳои тиҷоратӣ фаъолона иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратӣ зиёда аз 243 санади ҳамкории нав байни корхонаҳои ватанию хориҷӣ ба имзо расид. Аз санадҳои баимзорасида зиёда аз 183 адади онро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, 20 санадро содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик ва 40 санадро хариди молу маҳсулот, таҷҳизот аз кишварҳои хориҷӣ барои ворид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад






