НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст

Февраль 11, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Дар ин хусус Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиродҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Ба маълумоти вазир, раванди густариши равобит бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Малайзия, Индонезия, Тайиланд, Покистон ва Ҳиндустон фаъолона идома дорад.

«Дар баробари ин ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Амрико, аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Олмон, Чехия, Сербистон, Маҷористон, Финландия, Италия, Фаронса, Шветсия ва Кипр бахшҳои гуногунро дар бар гирифта, таҳким меёбад», — афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Сиродҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки бо Қатар, Қазоқистон, Озарбойҷон, Австрия, Олмон, Италия, Туркия, Кувайт, Миср ва Хорватия ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ доир гардида, дар натиҷаи онҳо санадҳо оид ба ҳамкории ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба имзо расиданд.

«Ҳамчунин соли 2024 ҷаласаҳои муштараки комиссияҳои иқтисодии байниҳукуматии Тоҷикистон бо Узбакистон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Русия, Эрон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон ва Озарбойҷон баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноату нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, гуманитарӣ, инчунин варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуданд», — гуфт вазир.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид