ҶОМИ ФФТ-2025. Дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам бозӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ -2025 дар минтақаи Душанбе бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голҳоро аз ҳайати дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе Вайсиддин Сафаров дар дақиқаи 20-ум ва Комрон Иброҳимов дар дақиқаи 38-ум ба нишон расониданд. Аз ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 10-ум ва Бахтиёр Қаландаров дар дақиқаи 90+4-ум гол заданд. Ба ин тартиб дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аз 5 бозӣ 13 имтиёз ба даст оварда, бо сабаби таносуби тӯбҳо зинаи дуюмро ишғол кард. КМВА бо 13 имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор гирифт.
Дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳ ёфта, онҷо пас аз қуръакашӣ рақибони хешро пайдо мекунанд.
Дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст. Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутоӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2024 дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе дар финали Ҷоми ФФТ бар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуд. Дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор соҳиби медалҳои нуқра ва КМВА-и шаҳри Душанбе барандаи медалҳои биринҷии мусобиқа гардиданд.
Бахтиёр Зарипов аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд






