Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷамъбаст гардид. Дар он аз байни муассисаҳои олии касбӣ омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафар Шариф, байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус- омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Абдусалом Орипов ва байни муассисаҳои миёнаи касбӣ омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Лутфуллои Раҳматулло сазовори ҷойи якум ва мукофотпулӣ гардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони ҷойи дуюм ва сеюм низ қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯз иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва муассисаҳое, ки давоми соли 2024 фаъолияти назаррас доштанд, ҳавсманд гардонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» баланд бардоштани мақоми таҳсили касбӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти он дар пешрафти ҷомеа мебошад. Инчунин барои дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкоре, ки дар эҷоди барномаҳои таълимии таҳсил заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии махсус 15 декабри соли 2024 ва даври дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 15 январи соли 2025 баргузор гардид. Даври сеюми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 23 январ ҷамъбаст шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






