Соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Корея кушода шуд

Февраль 5, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 омӯзгороне, ки рисолаи докторӣ дифоъ менамоянд, бо 20 ҳазор сомонӣ, барои дифои рисолаи номзадии равияи илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ бо 8 ҳазор  сомонӣ ва барои дифои  рисолаи номзадӣ дар равияи гуманитарӣ бо 5 ҳазор  сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Соли 2024 омӯзгорони унвондор 33,5 фоизро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2023  1,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 3 феврал зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ дода шуд.

Соли 2024 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 29 монография, 78 китоби дарсӣ, 107 дастури таълимӣ ва 2025 мақолаи илмӣ, таълимӣ,  методӣ ва оммавӣ аз нашр бароварда шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки бо гирифтани 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишгоҳ дар раддабандӣ мақоми сеюмро гирифт. Раёсати донишгоҳ минбаъд барои ғолибони ҷойи якуми озмунҳои ҷумҳуриявӣ 15000 сомонӣ, ҷойи дуюм 10000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 5000 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ҳамзамон муҳаққиқоне, ки соли 2025 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» сазовори ҷойи намоён мегарданд, аз ҷониби раёсат бо 5000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ба муносибати ташаббуси навбатии Тоҷикистон, яъне эълон гардидани 25 май — Рӯзи ҷаҳонии футбол Ҷоми раёсати донишгоҳ таъсис дода шуд.

Соли 2024 бо иштироки Сафири Корея дар Тоҷикистон дар донишгоҳ «Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Корея» кушода шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 5, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид