Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез чорабинии канорӣ доир намуд

Февраль 13, 2025 09:44

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар ҳошияи «Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез ҳамчун омиле, ки ба терроризм мусоидат мекунад» чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешгирии ифротгароии хушунатомез тавассути татбиқи «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025»» баргузор карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода, Намояндаи доимии мамлакат дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) Владимир Воронков, роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе суханронӣ (видеопаём) намуданд.

Инчунин дар қисми дуюм Сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода рӯнаморо вобаста ба ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм пешниҳод кард. Дар рӯнамоӣ ташаббусҳо, дастовардҳо ва чолишҳо дар талошҳои мамлакат барои мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва таъмини сулҳу суботи устувор дарҷ гардиданд.

Намояндагони доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар ин чорабинӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ, мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез сухан гуфтанд.

Зимни мубоҳисаҳо аҳаммияти иқдоми дастҷамъона ва дастгирии мутақобили кишварҳо дар ҳалли мушкилоти муштараки амниятӣ, бахусус мушкилоти марбут ба терроризм ва ифротгароӣ таъкид шуд.

Чорабинӣ барои муколама ва табодули таҷрибаи пешқадам заминаи мусоид фароҳам оварда, зимни он саҳм ва пешсафии Тоҷикистон дар мубориза бо ифротгароии хушунатомез ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ иброз гардид.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Февраль 13, 2025 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Созмони ҷаҳонии об мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Нью-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба об баррасӣ гардиданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардид
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: фазои сулҳ ва рушди муштарак» баргузор шуд
Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид