«ТОҶИКИСТОНИ САБЗ». Дар Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд

Февраль 24, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон зимни ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе 500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони кумита, сокинони ноҳияи Шоҳмансур, ҷавонон ва кормандони ЮНИСЕФ фаъолона иштирок намуданд.

Ташаббуси ниҳолшинонӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба муҳити зист ва ташвиқи иштироки фаъол дар талошҳои давлатии барқарорсозии ҷангалҳо дар Тоҷикистон нигаронида шудааст. Бо назардошти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва нобудшавии ҷангалҳо чунин ташаббусҳо барои беҳтар намудани сифати ҳаво, пешгирии эрозияи хок ва такмили экосистемаи шаҳрӣ аҳамияти калон доранд.

Корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Сайдаҳмад Акрампур оид ба аҳамияти чунин иқдоми дастҷамъона изҳор дошт, ки «ҳар дарахте, ки имрӯз шинонида мешавад, ба некуаҳволии наслҳои оянда мусоидат менамояд. «Тоҷикистони сабз» танҳо як барнома нест, балки ҳаракати миллӣ барои рушди устувор аст».

Ҳашари ниҳолшинонӣ дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» гузаронида шуд. Тибқи ин барнома то соли 2040 дар Тоҷикистон шинонидани ду миллиард ниҳол ба нақша гирифта шудааст. «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба густариши ҷангалҳо дар саросари мамлакат, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд