Ҳамкории ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкории ниҳодҳои олии аудити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ар – Решайдон баррасӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи палата хабар медиҳад, Ҷамшед Каримзода аз рушду тақвияти ҳамкории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девони кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Таъкид гардид, ки соли 2023 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аудити давлатӣ байни ду ниҳоди олии аудит ба имзо расонида шуд. Зимни он заминаи ҳуқуқӣ барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобили судманд байни мақомот фароҳам омада, ба баланд бардоштани маҳорату тахассуси неруи кадрии мақомот такони нав бахшид. Барои ҳарду ҷониб ҳамкории фарогиру созанда дар соҳаи аудит хеле муҳим мебошад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлати шарики иқтисодӣ ба шумор меравад.
Дар айни замон дар доираи Ёддошти тафоҳум мо лоиҳаи баргузории машғулияти омӯзиширо таҳия дорем. Қарор аст ҳафтаи оянда барои мувофиқа ба Девони кулли муҳосиботи Арабистони Саудӣ ирсол намоем. Дар ин хусус ҷонибҳо тавассути воҳидҳои сохтории самти байналмилалӣ мунтазам дар тамос мебошанд.
Ҳамкории мутақобили судманд бо Девони кулли муҳосиботи Арабистони Саудӣ барои мо дар меҳвари фаъолият қарор дошта, Палатаи ҳисоб хостори густариши тавсеаи ҳама гуна ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мулоқот дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи робитаҳои судманд барои тарафҳо саҳми бузург мегузорад ва ҳамкорӣ дар такя ба ин анъанаҳои нек минбаъд низ рушд меёбад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд






