Аз Тоҷикистон дар «Tbilisi Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо ҳашт варзишгар иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tbilisi Grand Slam 2025», ки 21-23 марти соли 2025 дар пойтахти Гурҷистон — шаҳри Тифлис баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2025» то ҳоло 403 варзишгар (228 мард ва 175 зан) аз 53 давлати панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2025» ҳашт варзишгар дохил шудаанд, ки дар байни мардон рақобат менамоянд:
-66 кг – Ёсин Бобокалонов
-66 кг – Магомед Фармонбеков
-73 кг – Муҳаммадшариф Наҷмуддинов
-73 кг – Масъуди Аҳмадзод
-81 кг – Илҳомиддин Ҷабборов
-81 кг – Бахтиёр Бозоров
-90 кг – Шодмон Ризоев
-100 кг — Муҳсин Малаев
Барномаи мусобиқа:
21 март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
22 март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
23 март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






