Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид

Март 24, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид, ки  мақсад аз он эҳё намудани таомҳои миллӣ,  бо истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон дар хонавода ва ҷашнҳои миллӣ   мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки халқи тоҷик на танҳо дар  омодасозии таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукўҳи идонаи миллиро низ зебу зиннати хосса мебахшад. Дар озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» дар шаҳри Хоруғ таомҳои хоси минтақаи кӯҳистон,  аз қабили боҷ, оши бурида, бат,  ҳалвои сафед ва ғайра пешкаши  иштирокдорон  гардид.

Иброз гардид, ки боҷ яке аз таомҳои хоси наврӯзӣ аст, ки  мардуми кӯҳистон онро дар  шаби  дуюми ҷашни Наврӯз омода  мекунанд. Барои омода кардани ин ғизо як қисмати гӯшт бо каллаву поча ва гандуми навъи беҳтаринро ҷудо ва интихоб мекунанд. То ба ҷӯш омадани боҷ аз хона баромадани касе мумкин нест. Ин таомро фақат бонувон мепазанд ва мардонро иҷозат надоранд, ки ба дег наздик шаванд.

Ҳамчунин оши бурида аз таомҳои қадимии мардуми Бадахшон аст, ки истеъмоли онро бештар калонсолон дӯст медоранд. Аслан онро дар чаҳор фасли сол омода кардан мумкин аст, аммо бештар оши буридаро дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд, чунки дар ин вақт гиёҳҳои табии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок хусусияти шифобахшӣ дорад, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваю неруи тоза мебахшад.

Бояд гуфт, ки дастархонороӣ ҷузъи муҳими фарҳанги мо буда, чунин озмунҳо барои тавсеаи фарҳанги дастархондорӣ, сарфакоронаву моҳирона оростани хони тоҷикӣ, ба ҳаёти мустақилона омода шудани духтарон мусоидат менамояд. Ҳамзамон истифодаи маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ барои нигаҳдошти саломатии мардум муфид мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд