Дар Абузабӣ истифодаи зеҳни сунъӣ дар таъмини бехатарии ҷомеа баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар шаҳри Абузабӣ бо ҳайати коршиносони ширкати “Presight AI” (яке аз зерсохторҳои Гурӯҳи ширкатҳои холдингӣ дар бахши рушди технология ва зеҳни сунъии “G42 Group” -и Амороти Муттаҳидаи Араб) зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Директори ширкати “AIQ” Мағжан Кенесбай мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя барои рушди технологияҳои муосир ва истифодаи муассири зеҳни сунъӣ дар таъмини бехатарии ҷомеа, хизматрасониҳои маишӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, тағйирёбии иқлим, шаҳрҳои ҳушманд, идоракунӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, мониторинги сарҳад, амнияти иттилоотӣ ва киберӣ таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид






