Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои қадимӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷойгоҳи Наврӯз дар ҳамгироии миллатҳо» бо шукуҳу шаҳомати хосса ва риояи расму оинҳои қадимӣ таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ хабар доданд, дар базмгоҳ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ, дастархони «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим», намоиши либосҳои арӯсу домоди минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, таомҳо ва хӯришҳои миллии хоси ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷик, ба монанди суманак, далда ва оши бурида ба намоиш гузошта шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буданд.
Занону духтарони донишгоҳ бо пӯшидани либосҳои миллӣ, оростани хони наврӯзӣ ва қироати шеъру таронаҳои баҳорию наврӯзӣ ба ҳусни тантанаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам намуданд.
Дар байни факултетҳои донишгоҳ барои ороиши беҳтарин дастархони наврӯзӣ озмун эълон гардида буд ва намояндагони ҳар ниҳод бо пешниҳоду намоиши анъанаҳои неки ин иди ориёӣ базми наврӯзиро хеле рангину ҷолиб намуданд.
Дар ҳамоиш ба як зумра устодону кормандони фаъоли донишкада аз тарафи раёсати донишгоҳ Ифтихорнома ва Сипоснома супорида шуд.
Барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи ансамбли «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон











Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






