«РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН!». Миллати тоҷик имрӯз дар ҳавои муҳаббату дӯстӣ ва амнияти миллӣ сарбаландона зиндагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз падидаҳои хубу қаноатбахшу бобарор ва дурбинона дар сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини расидан ба Истиқлоли давлатӣ такя овардан ба хиради миллӣ ва расму ойинҳои халқӣ мебошад. Татбиқи чунин сиёсат буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози бунёди давлати навини худ сиёсати дӯстӣ ва дарҳои бозро пеш гирифт. Сиришти хайрхоҳонаю бунёди неки миллати мо дар асоси чунин сиёсат гузошта шудааст, ки давоми таърих худро ҳамчун миллати бохирад, илмдӯсту китобпарвар ва дорои одобу фарҳанги баланди инсонӣ муаррифӣ намудааст, на миллати ҷангҷӯву пархошгар.
Миллати мо, ки миллати илму адаб аст, фалсафаи чунин сиёсат, яъне, сиёсати дӯстию бародарӣ ва инсонпарастӣ, пеш аз ҳама, дар осори бузургони илму адаб ва нобиғагони оламшумулаш таҷассуми дурахшон дорад. Сатрҳои беназири Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ ҳанӯз асрҳое пеш шиори муҳаббату дӯстии инсонҳои рӯи Замин гардида буданд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!
Баъдан дар осори тамоми адибони мо ситоиши дӯстӣ ва мазаммати душманӣ ҳамеша вирди забони шоирони номдори мо буд. Оре, халқи мо ҳамеша дар замини эътиқоду эътимоди ҳастии худ дарахти дӯстӣ мешинониду мепарварид ва ниҳоли душманиро бармеканд. То боғу роғу водиҳои сарзамини мо ҳамеша сарсабзу гулафшон ва борвар бошанду меваҳои лизизи муҳаббат ба бор оранд. Ин дарахти дӯстие, ки давоми асрҳо дар сарзамини ҳикмату андарзи дунё ба сокинони башар меваҳои шаккарин медод, пас аз расидан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, пас аз эҳёи дубораи ин сарзамини куҳанбунёду фарҳангпарвар боз ҳам нумӯи тоза ёфтаву бештар аз ҳар вақт файзафшон шудааст. Маҳз аз файзи он аст, ки миллати мо имрӯз дар ҳавои муҳаббату дӯстӣ ва амнияти миллӣ сарбаландона зиндагӣ менамояд.
Файзу самари ин дарахти пурбаракатро давоми даврони соҳибистиқлолии мамлакат мо ҳамарӯза эҳсос менамоем. Аммо ахиран шукуфоии ин дарахти бахосиятро мо дар мисоли тантанаи дӯстии ду халқи ҳамсояву бародар- тоҷикону қирғизон хеле бармало дидем.
Аслан банда солҳои охир, вақте ки баъзе низоъҳои аз ҷониби нохайрхоҳон таҳмилшудаи душманонамонро дар сарҳади ин давлатҳои ҳамсоя медидам, борҳо андешидаам, ки Сарвари давлати тоҷикон, Пешвое, ки таҷрибаи сулҳу оштиро дар рӯзҳои вазнинтарини гирифториҳои ҷанги шаҳрвандӣ тавонистанд амалӣ намоянд, пайвастаю ҳакимона метавонанд тадбирҳое ёбанд, ки пеши роҳи ин низоъҳои барои ҳарду миллат зиёноварро низ бигиранд. Хушбахтона, ин кор амалӣ шуд ва ду миллати дӯст боз ҳам аҳди бародарӣ бастанд.
Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, дидорбинӣ ва мулоқоташон бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров воқеан ба иди дӯстию бародарии ду миллати ба ҳукми қисмат ҳамсоя табдил ёфт. Оре, хиради ду сарвари оқил сабабу асос шуд, ки ниҳоли зиёновари душманӣ аз полези дӯстии мо барканда шавад. Мо шоҳиди ашкҳои хурсандии сокинони ҳарду ҷониб дар рӯзи тантанаи ифтитоҳи роҳи нави дӯстӣ гардидем. Оё ин аз хусумату кинаварзиҳое, ки фоҷиаҳои хунин ва харобиҳои бемаънии бар зиёни ҳарду миллатро ба бор меоранд, ҳазорон бор беҳтар нест!?
Пешвои миллати мо, ки худ яке аз эҳёкунандагони маросими миллӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар сарзамини мо, хусусан ҷашни бостонии халқи тоҷик- Наврӯз мебошанд ва суннатҳои Наврӯзро хуб медонанд, яқин аст, ки бо назардошти яке аз суннатҳои неку баланд ва бесобиқаи он, ки бахшидани гуноҳон мебошад, маҳз дар рӯзҳои тантанаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз сарони ду кишвари ҳамсояву дӯст- Узбекистон ва Қирғизистонро барои иштирок дар ин ҷашни дӯстизо ба Тоҷикистон хондаанд. Дар ҷашни Наврӯзи мо рӯзи хоссае ҳаст — рӯзи бахшидани гуноҳон. Дар ин рӯз, мувофиқи анъана, одамон ҳамдигарро мебахшанд, душманон дӯст, ногапҳо ҳамгап мешаванд ва ин ғояти баланди хирад ва фарҳанги инсонӣ аст, ки дар маросими халқии миллати хирадманди мо маҳфуз мондааст.
Мо аллакай шоҳид будем, ки пас аз эҳёи дубораи худ ҷашнҳои миллии мо- Меҳргону Сада ва хусусан Наврӯз дар бунёду рушди алоқаҳои дӯстӣ, эътиқоду эътимод ва меҳру муҳаббат дар байни инсонҳи сайёра чӣ гуна метавонанд саҳм гузоранд. Бале, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода бо сиришти сулпарваронаи тоҷикона ва бо забони саҳли мумтанеъи худ ниятҳои воло ва ҳадафҳои бузурги инсонии миллати моро хеле зебо суруда буданд:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аз ин фаҳмотару зеботар сиришти неки миллати меҳмоннавозу сулҳхоҳу дӯстпарвари тоҷикро чӣ гуна метавон ифшо намуд!?
Ва ҳамин шоири нексиришту вологуҳари тоҷик боз ҳам гуфтааст:
Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Мо аминем, ки расми хуби тоҷикон дар ҳамоҳангӣ бо ҳадафҳои неку сулҳпарваронаи Сарони кишварҳои ҳамсоя ва суннатҳои башардӯстонаи ҷашни Наврӯз ҳавою муҳити неки ягонаи сулҳу дӯстӣ ва бародариро дар минтақаи мо ба вуҷуд меоранд ва барои зиндагии шукуфою хушбахтонаи халқҳои мо заминаҳои қавӣ мегузоранд.
Ҳоло шеъреро, ки ба муносибати тантанаҳои дӯстии халқҳои тоҷику узбек ва қирғиз суруда шудааст, тақдими хонандагони арҷманд менамоем.
СЕ БАРОДАР ДАР РАҲИ ИХЛОСУ ИМОН
Се бародар, се сиришти ҳамдилу ҷон,
Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон.
Се чамони сабз, се боғи шукуфон,
Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон.
Се ҷавонмарде, ки дар паҳнои гетӣ
Ҷавшани ҳамдигаранд аз роҳи паймон,
Се сарафрозе, ки дар минои ҳиммат
Қуллаҳо доранд то домони кайҳон,
Се муҳаббат, се садоқат, се саодат,
Қирғизистон,Тоҷикистон, Узбекистон.
Бар ба бар, паҳлу ба паҳлу, китф бар китф,
Бо ҳаманду бораи шаънанду имон.
Дар паноҳи ҳамдигар бо амри қисмат,
Дар дифои ҳамдигар бо амри виҷдон.
Гашта ҳамдил, гашта ҳамхун, гашта ҳамҷон,
Посдори расму ойини ниёкон.
Ин ҳавои меҳр бодо меҳрафшон!
Ин дарахти дӯстӣ бодо шукуфон!
Боҳаму ҳамаҳду ҳамдину ҳамимон,
Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон!
Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад






