Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Парлумон (Маҷлиси Шуро)-и Давлати Қатар Ҳасан ибни Абдуллоҳ Ал-Ғоним баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо раванди рушди робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, аз ҷумла таҳкими қонунгузорӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкориро муҳокима намуда, нақши парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду мамлакат дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон амалӣ намудани табодули сафарҳо, танзими барномаҳои муштараки таълимӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар бахши фаъолияти парлумонӣ баррасӣ гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд






