То таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз шаҳри Норак гулзор мегардад
НОРАК, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон дар шаҳри Норак, ки яке аз шаҳрҳои сайёҳии мамлакат маҳсуб мешавад, корҳои ободонию сабзазоркунӣ идома доранд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар назди манзили зист ва биноҳои ташкилоту идораҳо гулҳои гуногун, аз ҷумла лолаю садбарг мешинонанд.
Хушбахтона, имрӯзҳо баробари ба шаҳри Норак ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас руҳу илҳоми тоза гирифта, эҳсос менамояд, ки Норак шаҳри сайёҳии замонавӣ мебошад.
Директори Муассисаи манзилию коммуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Маҳмадюнус Бобиев иброз дошт, ки «то имрӯз дар маркази шаҳри Норак ва минтақаҳои он зиёда аз 60 ҳазор бех гулҳои гуногунранги бунафш ва 500 бех ниҳоли ороишию ҳамешасабз шинонида шудаанд. Давоми соли 2025 шинонидани гулу буттаҳоро дар шаҳри Норак ба садҳо ҳазор бех мерасонем. Дар гармхонаҳои муассиса зиёда аз 40 ҳазор дона гулҳои гуногун парвариш меёбанд».
Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак Акобир Ҳасанов иброз дошт, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Дуконӣ, Пули сангин, маркази шаҳр ва мавзеъҳои гуногуни шоҳроҳи Душанбе-Данғара зиёда аз 19 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст.
Сокинону масъулини шаҳри Норак дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бобати ҳифзи муҳити зист имрӯзҳо дар тамоми мавзеъҳои шаҳр гулу бутта ва дарахтони гуногун мешинонанд. Сокинон дар ҳашарҳои ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, бо ин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегиранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид






