Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаласаи мамлакатҳои электорати Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, инчунин Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа ҳайати Тоҷикистон доир ба нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди ММД, коҳиши таваррум, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ, инчунин сатҳи устувори қарзи давлатӣ маъруза намуд.
Ҳамзамон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои электорат дар самтҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди «сабз», беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор баён карда шуд. Дар ин замина тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон













АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1270 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд






