Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии 14-уми солонаи сармоягузорӣ иштирок намуд

Апрель 11, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 апрел Конгресси байналмилалии 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress – 2025) дар Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 20 ҳазор намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон, мутахассисон ва коршиносонро аз кишварҳои гуногуни олам барои муҳокимаи масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли вазифаҳои муҳими муайянкунандаи ояндаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҷамъ овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш ва форумҳои сатҳи баланд байни масъулини давлатӣ, роҳбарони бонкҳои марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва сармоягузорони ҷаҳонӣ вобаста ба мавзуъҳои зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати ҷаҳонӣ, устувории молиявӣ, сармоягузорӣ ба сайёҳӣ, инноватсия ва рушди устувор, имконияти нави иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни муаррифии нишондиҳандаҳои низоми молиявии Тоҷикистон бо рӯнамо дар мавзуи «Имконоти сармоягузории низоми бонкии кишвар» таваҷҷуҳи иштирокдоронро бо назардошти имконияти мусоиди сармоягузорӣ ва кафолатҳои давлатӣ ба иқтидори сармоягузории низоми молиявии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон имрӯз бештар ба маблағгузории «сабз» тамаркуз намуда, мамлакатро ба макони беҳтарини сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда, кишоварзии устувор ва лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил медиҳад. Дар ин замина ба сармоягузорон пешниҳод карда шуд, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда, дар таҳавуллоти иқтисодии Тоҷикистон ва ояндаи устувор саҳм гузоранд.

Дар ҳошияи нишаст ҳайати Тоҷикистон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин ҷалби сармоягузорони ин кишвар ба Тоҷикистон, бахусус маблағгузории Фонди Абузабӣ оид ба рушд барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», муаррифии бештари имконияти сармоягузорӣ ва маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкорони бурунмарзӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мулоқот намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2492 сомонӣ муқррар шудааст
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7886 сомонӣ муқррар шудааст
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад