«Амонатбонк» дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар Ашт ҳамоиш доир намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар филиали №26-и ноҳияи Ашт бо иштироки 800 хонандаи мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни «Амонатбонк» ҳамоиш доир шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонону муштариёни «Амонатбонк» ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ иборат буд.
Дар ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи бонкдорӣ, алалхусус «Хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат — мобайл», «Хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ», нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила ва нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ба иштирокдорони ҳамоиш маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, азхуд кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасонии бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкдорӣ заминаи мусоид фароҳам менамояд.
АКС: «Амонатбонк»








Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд






