Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд

Апрель 14, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку   Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. 

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар таҷлили Наврӯз намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён гӯшаи фарҳангӣ оро доданд. Дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзанию гулдӯзӣ оро ёфта буд. Илова бар ин ҳамватанони муқими Озарбойҷон  бо рақсу мусиқии идонаи тоҷикӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон изҳор дошт, ки имсол ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардидани 21 март аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 15 сол пур шуд. Иброз гардид, ки Наврӯз таҷассумгари пирӯзии некӣ, умеди мардум ба соли пурфайз, шукуфоӣ, некуаҳволӣ ва зиндагии осоишта мебошад.

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ Оркестри симфонии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳрҳои Ганҷа ва Боку барномаи консертӣ  пешниҳод намуд. Дар ин барномаҳои калони консертӣ роҳбарияти олии шаҳри Ганҷа, аҳли зиё, шаҳрвандони кишвари иқомат ва ҳамватанони бурунмарзӣ  иштирок намуданд.

Дар шаҳри Боку низ чунин барномаи калони консертӣ аз ҷониби Оркестри  симфонии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    пешниҳод  шуд, ки писанди ҳозирин гардид. Барномаи бошукуҳу пурмуҳтаво фарогири муштаракоти таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити нек буда, ба таври шоиста пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш гардид.

Барномаи муштараки рангини консертии «Армуғони дӯстӣ» хеле дилписанду фараҳбахш доир гардида, меҳмонону  иштирокчиён  ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъати тоҷик баҳои баланд доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Апрель 14, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Нақши Маркази байналмилалии Наврӯз барои кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз чӣ гуна хоҳад буд?
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»