Дар шафати кӯли Ҳафткӯл-Ҳазорчашма 3900 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд

Апрель 19, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шафати кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл- Ҳазорчашма дар майдони беш аз даҳ гектар 3900 бех ниҳолҳои дарахтони себ, зардолу, чормағз, ки ба иқлими баландкӯҳ мутобиқанд, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Ниҳолҳо бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаи «Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор» (INVEST) бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» шинонида шуданд.

Дар марҳилаи дуюми бунёди боғи кӯҳӣ атрофи он панҷарабандӣ шуда, аз ҳоло нашъунамо ва ҳифзи он зери назорат гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳафткӯл бо кӯлҳои зебо ва табиати фусункораш кайҳост мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва дӯстдорони табиат аз дохил ва хориҷи мамлакат қарор гирифтааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат мебаранд, аз ҳавои тоза нафас мекашанд.

Бо оғози мавсими сайёҳӣ шумораи сайёҳон бамаротиб меафзояд ва онҳоро дар пойгоҳи сайёҳии «Ҳафткӯл», дигар пойгоҳҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаю истироҳатгоҳҳои сарироҳӣ, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ташкил шудаанд, пазироӣ менамоянд.

  АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент        

 

Апрель 19, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд